ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзишро дар самти энергетика доир намуд.
Машғулияти мазкур аз 21 апрел оғоз шуда, то 02 майи соли равон дар китобхонаи Академияи ВАО ва дарсҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва силсила нерӯгоҳҳои Варзоб НБО №2 гузаронида шуданд.
Машғулиятро номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “Нерӯгоҳҳои электрикӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Лоиқ Қасобов гузаронида, мавзуҳои вобаста ва истилоҳотҳои соҳаро барои дуруст истифода бурдан дар гузоришҳо ва барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба шунавандагон фаҳмониданд.
Дар ҷамъбасти машғулият омӯзгор (тренер) аз иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои гузаронидашуда дар шакли саволнома имтиҳон гирифта, сатҳи фаҳмиши онҳоро санҷид.
Ахиран 11 нафар шунавандаи машғулият СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО-ро соҳиб шуд.