ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Имрӯз (30.04.2024) дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба шунавандагони машғулияти омӯзишии соҳаи саноат ва технологияҳои нав СЕРТИФИКАТ дода шуд.  

Машғулият аз рӯйи барномае, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст гузаронида шуда, онро устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Миралӣ Изатов ва рӯзноманигори соҳа, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод ба шунавандагон дарс гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур 14 рӯз идома карда, иштирокчиёнро аз шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ ба омӯзиш фаро гирифта буд.

Машғулият дар толори китобхонаи Академияи ВАО баргузор гардида, дарсҳои амалии он дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Арвис”, корхонаи бофандагии “Пиллаи тоҷик” ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ гузаронида шуда, ҳамчунин суҳбатҳо бо роҳбарони корхонаҳо ва мутахассисони соҳа доир гардид.

Қобили қайд аст, ки дар таърихи Академия машғулияти болозикр бори аввал аст, ки гузаронида мешавад ва кормандони соҳаи воситаҳои ахбори оммаро, ки ба таҳияи маводҳои соҳаи саноат ва технологияҳои нав сару кор доранд ба такмили ихтисос ҷалб менамояд.

Дар анҷоми машғулият 11 нафар иштирокчии фаъол ба гирифтани СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО мушарраф гардид.

Мирзоаминӣ Бахтиёр

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.