ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ РАВШАНИДИҲАНДАГОН
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба хатмкунандагони машғулияти омӯзишии “Асосҳои равшанидиҳӣ дар телевизион” сертификат дод.
Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур аз 07-ум то 11-уми апрели соли равон дар китобхонаи Академияи ВАО ва дарсҳои амалии он дар студияи Муассисаи давлатии “Телевизиони Синамо” гузаронида шуданд.
Машғулиятро мутахассиси соҳа, муовини директор оид ба корҳои техникии “Телевизиони Синамо” Мунир Раҳмонқулов гузарониданд.
Пас аз анҷоми дарсҳо тибқи барномаи машғулияти омӯзишӣ шунавандагон аз санҷиш гузаронида шуда, омӯзгор фаъолони курсро барои тақдими сертификат пешниҳод намуданд.
Дар раванди машғулият иштирокчиён мавзуҳои “Намудҳои рушноӣ”, “Истифодаи рушноӣ дар барномаҳои ТВ”, “Равшанӣ ва манбаъҳои асосии он”, “Истифодабарии рушноӣ бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон” ва ба ин монанд дарсҳои амалиро аз худ карданд.
Дар ҷамъбасти машғулият 11 нафар шунавандаи курс соҳиби СЕРТИФИКАТ-и МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” гардиданд.
Академияи ВАО
11.04.2025