ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ НАВОРБАРДОРОН
Имрӯз (21.02.2025) Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии наврбардорони воситаҳои ахбори оммаи кишварро, ки дар мавзуи “Асосҳои санъати наворбардорӣ” гузаронида шуд, ҷамъбаст кард.
Машғулият давоми 5 рӯз идома карда, ба тариқи амалӣ дар толори китобхонаи муассиса гузаронида шуд.
Ба ҳайси омӯзгор (тренер) ба иштирокчиён наворбардори дараҷаи олӣ, мутахассиси соҳа Дзалаев Георгий Измайлович дарс гуфтанд.
Дар анҷоми машғулият аз шумораи 17 нафар шунаванда 16 нафари онҳо соҳиби СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО шуданд.
Академияи ВАО
21.02.2025