ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТ
Машғулияти омӯзишии коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, ки таҳти унвони “Маҳорати коргардонӣ дар ТВ ва радио” ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Машғулияти мазкур давоми 5 рӯз (аз 03 то 07 март) дар толори китобхонаи Академияи ВАО бо иштироки васеи кормандони соҳаи ВАО гузаронида шуд.
Машғулиятро ҳамчун омӯзгор (тренер) Корманди шоистаи Тоҷикистон, коргардони ботаҷрибаи телевизион ва кино Набизода Набиҷон ба шунавандагон гузаронданд.
Бемуҳобот метавон гуфт, ки мавқеи коргардон дар таҳияи барномаҳо аввалиндараҷа аст ва тамоми саҳнаҳои ҷолибу диққатҷалбкунанда аз назари коргардон вобастаанд. Ҳамин аст, ки Академияи ВАО барои баландбардории дараҷаи касбияти кормандони ТВ ва радио аз ҷумла коргардонҳо пайваста машғулиятҳои омӯзиширо бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ мемонад.
Дар анҷоми машғулият ба 11 нафар иштирокчӣ СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида шуд.
Академияи ВАО
07.03.2025