ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ МД “АКАДЕМИЯИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН”
Имрӯз (22.12.2023) ҳисоботи солонаи Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Академияи ВАО-и Тоҷикистон тибқи нақша ва супоришҳои роҳбарияти Кумита дар соли 2023 вазифаҳои ба зимма доштаашро ба иҷро расонидааст.
Ҳисоботро Директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ба самъи ҳозирин расонида вазифаҳо ва нақшаро барои соли 2024 пешниҳод сохтанд.
Дар ҳисобот муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Дилафрӯз ва мушовири Раис Каримзода Ҳақназар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷом ҳисоботи солонаи Академияи ВАО аз ҷониби намояндагони Кумитаи телевизион ва радио хуб пазируфта шуда, онро қаноатманд шумориданд.


