ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ АКДЕМИЯИ ВАО

Имрӯз (03.01.2025) ҳисоботи солонаи Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Сараввал директори Академияи ВАО Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ҳисоботи ҷамъбастии соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025-ро ба самъи ҳозирин расонид ва гуфта шуд, ки Академияи ВАО тибқи нақша ва дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио фаъолияти худро ба роҳ монда дар соли гузашта корҳои заруриро ба анҷом расонидааст.

Сипас мушовири раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар Изатулло, ки дар кори ҳисобот иштирок доштанд баромад намуда, фаъолияти муассисаро хуб арзёбӣ намуда, қаноатбахш ҳисобиданд.

Дар анҷом роҳбарияти МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” пешниҳодҳои мушовири раиси Кумитаро қабул намуда, дар нақшаи нав тағйирот ворид менамояд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.