ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Имрӯз бо ибтикори Муассисаи давлатии “Телевизиони Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар кори ҳамоиш корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Давлатзода, коршиноси масоили иҷтимоӣ Нозим Нурзода, директори МД “Телевизиони Синамо” Муфарраҳ Шодизода ва директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Саъдӣ Исматзода иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Таъкид гардид, ки “Дар он давраи ҳасосу мураккаби сиёсӣ сарвари ҷавону далер муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сиёсати инсонпарваронаю хиратмандонаро пеш гирифта, тамоми неру ва ҳастии хешро барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва некуаҳволии мардум равона карданд”.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.