ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ
Санаи 7-уми марти соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Воситаҳои ахбори омма: дастовардҳо ва мушкилот” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар оғоз директори муассиса Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, рӯзномаи “Бухорои Шариф”-ро сароғози матбуот ва журналистикаи тоҷик маънидод кард.
Сипас мушовири Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар Изатулло иштирокчиёни ҳамоишро ба Рӯзи модар ва 113 солагии матбуоти тоҷик табрик намуда, ба масъалаи камбудиҳои матбуоти даврӣ дар минтақаҳо (ноҳияҳо) фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.
Декани факултелти журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои филология Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим дар мавзуи “Матбуоти даврӣ дар қарни интернет” баромад намуда, аз таърихи ба вуҷуд омадани интернет дар ВАО-и тоҷик ва пешрафту дастовардҳои он дар давоми беш аз ду даҳсолаи охир таъкид намуд.
Доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Афзаҳзод Аббос бо маърӯзаи “Имиджи рӯзноманигорон дар матбуоти даврӣ ва тарбияи онҳо дар раванди таҳияи мавод” суханронӣ кард.
Бо сухани табрикотӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Шамсуддинзода Садриддин ва устоди ДМТ Гулов Сангин баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи матбуот ва Рӯзи модар таҳният гуфтанд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба чанде аз фаъолони соҳа СИПОСНОМА-и муассиса тақдим гардид.
Академияи ВАО
07.03.2025