ЭТИКАИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Точикистон” тибқи нақшаи корӣ машғулияти омӯзиширо барои кормандони шабакаҳои телевизион ва радио таҳти унвони “Этикаи касбии журналист” оғоз намуд.
Машғулияти мазкур давоми 5 рӯз (аз 01 то 05 декабр) дар толори китобхонаи Муассиса гузаронида мешавад.
Машғулиятро номзади илмҳои филологӣ, дотсенти (мудир)-и кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов мегузаронад.
Нахуст омӯзгор (тренер) ба шунавандагон оид ба этикаи касбӣ, меъёрҳои ахлоқии журналист ва риояи он дар ВАО-и кишвар ба таври муфассал маълумот дода, бо мисолҳои мушаххас андешаашро асоснок намуд.
Академияи ВАО
01.12.2025