ШОҲБАЙТҲОИ БУЗУРГОН
Ҳар ки н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Чу ба одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Унсурӣ
Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
Носири Хусрав
Агар сухан зи дили дард метавон гуфтан,
Дусад рисола ба як фард метавон гуфтан.
Рустам Ваҳҳобзода
Нафсу шайтон мебаранд аз роҳ туро,
То бияндозанд андар чаҳ туро.
Фаридаддини Аттор
Ба шамшери забон марди суханвар,
Кунад олам мусаххар чун Сикандар.
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳар он кас, ки дониш фаромӯш кунад,
Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.
Абулқосим Фирдавсӣ
Магӯ, ки ҳоли шеъри мо хароб аст,
Ки моро ҳар саломе як китоб аст!
Рустам Ваҳҳобзода
Бо сухан зинда шавад номи ҳама,
Бо сухан зинда шавад хоми ҳама.
Саъдии Шерозӣ
Дарди дилро суҳбати соҳибдилон дармон бувад,
Ошноӣ бо дили дардошно осон бувад.
Гурез Сафар
Овар бурун зи гӯшат ин пунбаҳои ғафлат,
Дар дарси нуктасанҷон дар ком каш забонро.
Зебуннисо
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо равшан шавад.
Саъдии Шерозӣ
Нон азиз аст, агар гандуму гар ҷав бошад,
Шеър шеър аст, агар куҳна в-агар нав бошад.
Рустам Ваҳҳобзода
Суханро аз дарозӣ дор кӯтоҳ,
Ки аз бисёр гуфтан гум шавад роҳ.
Носири Хусрав
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Лоиқ Шералӣ
Ҳарфе, ки аз ӯ диле кушояд,
Аз ҳар қаламе бурун наояд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ
Шеъри шоир зеби маҳфил бошаду ҳарфи хушаш,
Ончуноне аз азал нон зеби дастархон бувад.
Гурез Сафар
Ҳар кӣ аз дунё нагирад ибрате,
Ҳаст аз он мудбир ҷаҳонро нафрате.
Фаридаддини Аттор
Зи дониш зинда мони ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёби зиндагонӣ
Носири Хусрав
Забоне, ки ба заҳр оганда бошад,
Ҳамон беҳ, ки ба коми ғунда бошад.
Рустам Ваҳҳобзода
Зи ҳар лафзаш равон магзар чу хома,
Ба ҳар ҳарфаш фурӯ рав чун сиёҳӣ.
Камоли Хуҷандӣ
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Абулқосим Фирдавсӣ
Гирдоваранда,
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ