ФАРҶОМИ ДАРСИ СУХАНВАРӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои наттоқон ва барандагони барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ машғулиятро таҳти унвони “Санъати суханварӣ” баргузор кард.
Ёдовар мешавем, ки машғулият 5 рӯз идома карда, аз 25 то 29 августи соли ҷорӣ дар толори китобхонаи Муассиса ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Машғулиятро ба сифати омӯзгор (тренер) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Шодиев ба шунавандагон гузаронид.

