“ТОҶ” – РАМЗИ ТОҶИКОН ДАР СММ
Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бори нахуст бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷи кунгурадор чун туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид тақдим гардид.
“Тоҷ” намоди ҳувиятӣ ва ифтихории мо – тоҷикон буда, ба номи ин миллат пайванди этномӣ дорад. Он ҳамчун рамз ё намод ба шакли туҳфа тақдим гардид, ки аз нигоҳи моҳият ва арзиш аҳамияти бисёр муҳим дорад. Акнун нишони тоҷикон, яъне “тоҷ” дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.
Тоҷ дар фарҳанги қадими тоҷик чӣ аз нигоҳи динӣ ва чӣ аз нигоҳи сиёсӣ намоди муқаддас ба шумор мерафт ва бесабаб нест, ки бисёре аз рушанфикрону таърихнигорони мо, ба хусус устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров маънои калимаи тоҷикро бо Тоҷ ҳаммаъно тафсир намуда, баъзе ривоятҳои дуруғинро ботил намуданд.
Сайри таърихии вожа нишон медиҳад, ки он дар замони давлатдории империяи Ҳахоманишиён ҳамчун рамз ё намоди шоҳӣ қабул гардида, минбаъд ба унсури ҳувиятии милати мо табдил шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари мондагори худ “Шоҳнома” тоҷро васф намудааст ва аз маънову корбурди он маълум аст, ки тоҷ як арзиши муҳим барои миллати мо будааст.
Дар маросими тақдими туҳфаи “Тоҷ” ба СММ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешинаи таърихии он ишора намуда, таъкид намуданд, ки “Ин нигора, ҳамчунин, таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз замонҳои қадим дар руҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар дар руҳияи сулҳу субот ҳамзистӣ доштааст, муаррифӣ мекунад”.
Дар солҳои ахир бархе аз ҳувиятбохтагон ҳамеша об бар даҳон гирифта, зӯр зада, таъкид менамоянд, ки тоҷ, яъне тозик ва маънояш араб аст. Дар гирудори чунин баҳсҳое, ки ҳувияти маъноии номи миллати моро инкор мекунанд ва ғалат шаҳр медиҳанд, муаррифӣ шудани “тоҷ” дар сатҳи байналмилалӣ ва тақдими он ба СММ муҳри зудуданашванда бар иддаоҳои бебунёди касонест, ки ривояти дуруғинеро дар робита ба маънои калимаи тоҷик ҳамеша интишор медиҳанд.

