ТАҚДИМИ СЕРТИФИКАТ БА САРМУҲАРРИРОН

Давоми 5 рӯз сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллии ноҳияҳои тобеи марказ дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти омӯзиширо зери мавзуи “Нашрияҳои маҳаллӣ: Роҳҳои ҷолибсоҳӣ ва рақобатпазирии онҳо” гузаштанд.

         Машғулият аз 15 то 19 сентябри соли равон дар толори китобхонаи Муассиса гузаронида шуда, иштирокчиён мавзуҳои “Сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Вазъи расонаҳои чопӣ дар ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон”, “Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон: имконият ва дурнамо”, “Захираи кадрии нашрияҳо”, “Таҳлил ва методҳои банақшагирии стратегӣ” ва “Таҳияи стратегияи дарозмуддат”-ро омӯхта, дарсҳои амалии он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардиданд.

         Дар умум аз 8 нафар сармуҳаррир, муовин ё котиби масъули нашрияҳои тобеи марказ 7 нафари онҳо соҳиби СЕРТИФИКАТ гардид.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

19.09.2025

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.