ТАСВИРБАРДОРОН БА ОМӮЗИШ ҶАЛБ ГАРДИДАНД
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ҷалби мутахассисони соҳа дар соли 2025 аввалин машғулияти худро барои тасвирбардорони шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ доир кард.
Машғулияти мазкур дар китобхонаи Муассиса доир гардида аз 20-ум то 24-уми январи соли равон идома меёбад.
Машғулиятро мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа Баҳодур Истамов гузаронида, дарсҳои амалии он дар студияи телевизиони “Синамо” доир мегарданд.