ТАКМИЛИ ТАХАССУС

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тибқи нақша барои баландбардории сифати кори суратгирони (фотокореспандент) нашрияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Аксбардорӣ бо истифода аз технологияи муосир” ба роҳ монд.

         Машғулиятро мутахассиси соҳа, суратгири бомаҳорат Собир Абдурозиқов муддати 3 рӯз аз 14-ум то 16-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври назариявӣ ва амалӣ доир карданд.

Дар воқеъ санъати аккосӣ завқу салиқаи хосро талаб намуда, бо рушди техникаи навин ва дастгоҳҳои аккосӣ зарур аст, ки кормандони нашрияҳо барои беҳбудии сифати аксҳои нашрияҳо аз такмили ихтисос гузаранд.

Бемуҳобот метавон гуфт, ки барои таваҷҷуҳи хонандаро ба мутолиаи нашрия ҷалб намудан, аксҳои босифату моҳирона гирифташуда, аввалиндараҷа мебошад.

         Дар машғулият 17 нафар суратгирони (кормандони) нашрияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок намуда, такмили тахассус карданд.

         Дар ҷамъбасти машғулият иштирокчиён бо СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО кадрдонӣ шуданд.

Иловатан роҳбарияти МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулияти мазкур ба ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек миннатдорӣ баён мекунад.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.