СИПОСНОМА

Китобхонаи Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо СИПОСНОМА қадрдонӣ гардид.

         Бояд қайд кард, ки китобхонаи МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ин сипосномаро соҳиб шуд.

         Қобили зикр аст, ки китобхонаи Академияи ВАО дорои толори хониш буда, китобҳои сиёсиву таърихӣ, адабию илмӣ ва соҳавию иҷтимоиро дарбар мегирад.

         Дар воқеъ, китоб ва китобхонӣ дар рушди маърифати инсонӣ нақши бориз дошта, барои баландбардории шуурнокӣ ва комилгардонии ахлоқӣ наку мусоидат менамояд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.