СЕРТИФИКАТҲОРО СУПОРИДАНД

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои муҳандисони шабакаи телевизионии “Бадахшон” машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Технологияи барномасозӣ бо формати HD дар ТВ ва радио” аз 01-ум  то 05-уми сентябри соли 2024 баргузор намуда буд, ки дар он 15 нафар кормандони ин шабака ба омӯзиш ҷалб шуда буданд.

Машғулиятро мутахассиси соҳа Мунир Раҳмонқулов дар шакли назариявию амалӣ ба иштирокчиён гузарониданд.  

Акнун СЕРТИФИКАТ-ҳо ба соҳибони худ дастрас шуданд.  

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.