СЕНАРИЯНАВИСОНИ СУҒД СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти  омӯзишро барои кормандони эҷодии идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд дар мавзуи “Сенарияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро чӣ гуна бояд эҷод намуд?” доир кард.

 Машғулият давоми 5 рӯз (аз 04 то 08 август) идома ёфта, дар шакли назарияви ва амалӣ тибқи барномаи махсуси сенариянависӣ гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки машғулиятро номзади илмҳои филологӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Исмоилзода Зинатуллоҳ гузаронданд.

Зимни фарҷоми дарс 12 нафар корманди эҷодӣ, ки бо асосҳои навиштани сенария ошно гардиданд, соҳиби СЕРТИФИКАТ шуданд.

Сертификатҳои Академияи ВАО-ро директори телевизион ва радиои вилояти Суғд Ҷовид Ниёзӣ дар якҷоягӣ бо тренер Зинатуллоҳ Исмоилзода ба шунавандагон супориданд.

Академияи ВАО

08.08.2025

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.