ҶАМЪБАСТИ МАШҒУЛИЯТИ ПАРДОЗГАРОН

Имрӯз (18.10.24) Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба як гурӯҳ пардозгарони шабакаҳои телевизионӣ, ки машғулияти омӯзиширо дар ин самт хатм намуданд бо СЕРТИФИКАТ сарфароз гардонид.

Машғулияти мазкур “Асосҳои пардозгарӣ дар телевизион ва кино” номгузорӣ шуда, онро мутахассиси соҳаи пардозгарӣ (гримёр) Ахатова Сайёра назариявию амалӣ доир намуд.

Машғулият давоми 5 рӯз идома ёфта, шунавандагон мавзуҳои “Ороиш чист? ва он барои чӣ истифода бурда мешавад”, “Чӣ тавр дуруст истифода бурдани ороиш барои барандагони телевизион”, “Усулҳои ислоҳи рӯй”, “Хусусиятҳои ороиши муй ва мутобиқати он бо ороишоти заргарӣ”, “Дарёфти маводҳои кории лозима”, “Вобастагии чеҳра бо сенария” ва ба ин монанд дарсҳоро, ки бештри онҳо амалан буданд, гузаштанд.

Дар ҳақиқиат ташкили чунин машғулиятҳо ба манфиати кор аст, зеро тозагии навор ва мутобиқати рангҳо дар телевизион ва кино аз ин пеша сахт вобастаанд, ба ҳамин хотир дар “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио” ҷой додани чунин машғулият ва омӯзиш додани пардозгарони шабакаҳои телевизионӣ аз манфиат холӣ нест ва дар ин самт Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” корҳои лозимаро анҷом додааст.

Дар ҷамъбасти машғулият аз 9 нафар иштирокчӣ 7 нафари фаъолу кордон соҳиби СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО шуданд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.