ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАВӢ ДАР САМТИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Аз имрӯз (05.02.2024) сар карда то 20 феврали соли ҷорӣ дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон машғулияти омӯзишии соҳавӣ дар самти нақлиёт ва коммуникатсия бо иштироки кормандони соҳаи ВАО-и кишвар доир мегардад.

Машғулиятро рӯзноманигори собиқадори соҳа, сармуҳаррири “Рӯзномаи “Нақлиёт” Хандонгул Доробова ба шунавандагон дарс хоҳад гуфт.

Тайи ин рӯзҳо омӯзгор (тренер) ба иштирокчиён, ки аз кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо даъват шудаанд, нозукиҳои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро ба таври муфассал таълим медиҳад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.