ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ СЕНАРИЯНАВИСОН
Аз 05-ум то 09-уми августи соли равон дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Сенарияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро чӣ гуна бояд эҷод намуд?” гузаронида мешавад.
Машғулиятро мутахассиси соҳа, Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ ба таври назариявию амалӣ ба иштирокдорон дарс мегӯяд.
Зимни оғози машғулият директори Академия Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ташкил намудани чунин машғулиятҳоро ба суди кор арзёбӣ намуда, барои беҳтарнамоӣ ва ҷолибияти барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ саривақтӣ хонданд.
