МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРГАРДОНҲОИ ОВОЗ ОҒОЗ ГАРДИД
Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” барои коргардонҳои овози радио ва телевизион машғулияти омӯзишӣ бо истифода аз барномаҳои танзим овоз усул ва шеваҳои нави танзими овоз омӯзиш дода мешавад.
Машғулияти мазкур аз 13 то 18 марти соли ҷорӣ бо иштироки омӯзгор Ф. Ҳакимов ва кормандони шабакаҳои телевизион ва радио доир мегардад.
Дар ҷараёни машғулият иштирокчиён шеваҳои нави танзими овозро фаро мегиранд. Мавзуи танзими овоз ва омӯзиши он барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ хеле муҳим аст ва такмил додани маҳорати танзимгарӣ дар ин самт метавонад боис беҳтар шудани сифати пахши барномаҳо гардад.
Дар дунёи имрӯз, ки ҳар лаҳза барномаҳои гуногуни танзими овоз сохта ва дар истифода қарор мегирад, ошноӣ бо шеваҳои кори он ба манфиати тамоми коргардонҳои овоз мебошад. Дар машғулият омӯзгор бо истифода аз барнома (нармафзор) –и овоз нузукиҳои танзими овозро омӯзиш медиҳад.



