ОҒОЗИ БУНЁДИ ТОКЗОРИ ХАВОЗАВӢ ДАР “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ” – И НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати токзори мазкур 7 гектар буда, дар он парвариши ангурҳои навъҳои гуногун бо усули исканапайванд дар танаҳои 1453 адад токи амудӣ бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода ба роҳ монда мешавад. Навъҳои пайвандашаванда бошад, аз хоҷагиҳои токпарварии ноҳияи Ашт ва шаҳри Турсунзода дастрас карда шудааст.

Дар боғи миллии Ваҳдат ҳамчунин дар масаоҳати 0,50 га замин анорбоғ бунёд кардаанд. Боғдорон 420 адад ниҳоли яксолаи навъи Сомғорро шинонида барои нашъунамои хуби он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.