ОМӮЗИШИ МАШҒУЛИЯТ БАРОИ ПАРДОЗГАРОН
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои пардозгарони шабакаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Асосҳои пардозгарӣ дар телевизион ва кино” ташкил намуд.
Курси мазкур аз 19-ум то 23-юм майи соли равон дар шакли назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад.
Ба ҳайси тренер мутахассиси соҳа Сайёра Аҳатова даъват шуда, ба шунавандагон нозукиҳои ин касби пурмашақатро меомӯзонад.