ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ  дар байни  кормандони  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии забони англисиро ташкил намудааст.

Аз 27 майи соли 2024 дар китобхонаи Академияи ВАО зинаи якуми дарси забони англисӣ дар ду баст оғоз шуд. Басти якум аз соати 14:00 то 15:30 ва басти дуюм аз 16:00 то 17:30 рафта истодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ду баст 49 нафар шунаванда аз шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ иштирок доранд.

Машғулиятро муаллимаи калони кафедраи забони англисии  ДМТ Қодирова Гулнора гузаронида истодааст. Зинаи якум се моҳ идома карда, баъди супоридани санҷиш ба иштирокдорон сертификат дода мешавад.

Баъди анҷоми зинаи якум зинаи дуюм низ ташкил карда мешавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.