НИШАСТИ МАТУБОТИИ МД “ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА”
Дар давраи ҳисоботӣ МД “Телевизиони Сафина” 58 барнома (аз ин 7 барономаи нав)-ро бо теъдоди умумии 3982 шумора мунтазам дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинандагон намуд, ки дар маҷмуъ 6480 соат вақти эфирро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра 37 филми телевизионӣ, 18 филми ҳуҷҷатӣ ва 60 филми бадеӣ дар ҳаҷми зиёда аз 105 соат тарҷума ва дубляж карда шуд. Ин матлаб зимни нишастӣ хабарии директори МД “Телевизиони Сафина” Шамсуддинзода Садриддин ироа гардид.
Роҳбарияти МД “Телевизиони Сафина” дар ҷашни 20 солагии таъсисёбии ин муассиса аз рӯйдоди фараҳбахш, яъне таъсиси радиои “Сафина” хабар доданд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО
27.01.2025