НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд. Ин матлаб имрӯз (27.01.2025) зимини нишасти хабарии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод баён гашт.

         Дар идомаи нишасти матбуотӣ, ки бо доираи васеи хабарнигорону кормандони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид, саволу ҷавоб баргузор гардида ба ҳамаи саволҳои хабарнигорон аз ҷониби роҳбарияти Кумита ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.