НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ: ВОҚЕИЯТ ВА ДУРНАМО
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” курси махсусро барои сармуҳаррирон, муовин ё котибони масъули нашрияҳои маҳаллӣ таҳти унвони “Нашрияҳои маҳаллӣ: Роҳҳои ҷолибсоҳӣ ва рақобатпазирии онҳо” баргузор намуд.
Машғулиятро номзади илмҳои филологӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба шунавандагон мегузаронад.
Дар машғулият сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллии ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, бо роҳбарии омӯзгор (тренер) Исмоилзода З. Б. аз воқеияти имрӯзаи нашрияҳо то имконияту дурнамои беҳнамоии сатҳи фарогирии аудиторияи онҳоро баррасӣ ва таҳлил менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки машғулият давоми 5 рӯз (аз 15 то 19 сентябр) гузаронида шуда, дар охир ба шунавандагон СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида мешавад.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО

