НАТИҶАГИРӢ АЗ АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ “НАҚШАБАНДӢ ВА ТАҲИЯИ ҶАДВАЛИ БАРНОМАҲО
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулиятро зери унвони “Нақшабандӣ ва таҳияи ҷадвали барномаҳо дар телевизион ва радио” барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ташкил намуд. Дар машғулият шунавандагон аз шабакаҳои телевизионии марказӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, аз такмили малакаҳои соҳавии худ гузаштанд.
Машғулият 5 рӯз (аз 11 то 15 августи соли 2025) идома карда, дар толори китобхонаи Муассиса гузаронида шуд.
Машғулиятро мутахассиси соҳа Фарухшоев Суҳробшо гузаронида, мавзуҳои “Вазифаҳои масъули таҳияи ҷадвали барномаҳо”, “Марҳила ва ҷанбаҳои асосии таҳияи ҷадвали барномаҳо”, “Прайм – тайм”, “Ҷадвали барномаҳои радиоӣ”, “Санҷиш ва танзими ҷадвали барномаҳо”, “Ҷадвали барномаҳо дар телеграмканалҳо”, “Хатар ва омилҳои тағйирёбии ҷадвали барномаҳо” ва мавзуҳои вобастаро аз рӯйи барномаи махсус гузаштанд. Аз саволу ҷавоб, баҳсҳо ва иштироки намунавии шунавандагон маълум буд, ки бо дили пур ва завқи баланд ба дарс меоянд.
Дар фарҷоми дарс ба иштирокчиён саволнома (анкета) дар бораи чӣ гуна гузаштани машғулият тақсим карда шуд, ки ҳамаи онҳо аз рафти он изҳои қаноатмандӣ ва ташаккур гуфтанд. Ба омӯзгор (тренер) низ баҳои баланд дода, дониш ва малакаи ӯро дар ин соҳа олӣ арзёбӣ карданд.
Ҳамин тариқ аз 14 нафар шунаванда 13 нафари онҳо бо СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО сазовор дониста шуданд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО

