МОДАРАМ БАХТОВАРАМ
Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола дар таърихи 8–уми март таҷлил карда мешавад, дар Тоҷикистон Иди модар унвон дорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқои хеш мебошад.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайванд гардидааст. Зеро, зан ва баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.
Бузургии зан – модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли башарият, тарбияткунандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаву ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам?
Зан аз тарафи бахт ба мо арзи Паём аст.
Модар – калимаест, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфта, дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ ва шукӯҳу шаҳомат нуҳуфтааст. Дар тасвири зан – модар садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд, ки аз бузургии ин фариштаи рӯйи замин шаҳодат медиҳанд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки бо шуниданаш руҳу ҷон ва табъи кас болида мегардад.
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.
Дар гӯшаи ошиқона, номи модар,
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист.
Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият зан – модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад: “Занону бонувони мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона заҳмат кашида, дар рушди бомароми кишвар саҳми арзишманд гузошта истодаанд”.
Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми модар дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвангари наслҳо ва низомбахши рӯзгор бешак бузург аст.
Модар чи каломи зебо! Вақте ӯро садо мекунем руҳамонро эҳсосоти наҷибе фаро мегирад. Модар мисли замин якто, мисли офтоб дурахшон ва мисли моҳтоб зебост. Ӯ офтобест, ки ба ҷаҳон гармӣ ва ба хонадон нуру сафо мебахшад.
Модар бузургтарин ганҷинаи рӯйи замин, гавҳари ноёб ва дунёи ҳастист. Ӯ нахобиду моро хобонд, нахӯрду моро хӯронд, напӯшиду моро пӯшонд. Агар садҳо сол хизмати ӯро ба ҷо оварам ҳам ба якшаба ранҷи ӯ баробар шуда наметавонад, чуноне, ки шоир гуфтааст.
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модар, ба мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯйи хушат ҷаҳон муаттар аст. Чун мо бузург мегардем, ба мисли парандаҳо ба ҳар сӯй парвоз менамоем, чи қадар бори гарон аст. Вале ҳамеша дар фикру хаёли мо ҳастӣ, ҳаргиз фаромӯшат нахоҳем кард.
Модар! Эй муъҷизаи беҳамтои олам! Эй офарандаи инсонҳо! Дар ситоиши ту тамоми авроқи олам кифоя нест. Эй азизатарин, наздиктарин ва маҳбубтарин шахс дар ҳаёти ман.
Модарам, эй модари бахтоварам,
Модари ҷонпарвару хушбоварам.
Бо ҳама ин бахту иқболи баланд,
Пеши поят сар фуруд меоварам.
Дар охир ман ба кулли модарони Тоҷикистон ва ҷаҳон рӯзгори хушу осуда, тани сиҳат ва умри бардавомро таманно менамоям.
Идатон муборак модарони меҳрубон!
Малика САНГИНОВА
Корманди Академияи ВАО