МАШҒУЛИЯТИ СОҲАВИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ОҒОЗ ШУД
Аз 27 май то 07 июни соли равон дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии соҳаи ҳуқуқи инсон барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ доир мегардад.
Машғулиятро ба ҳайси омӯзгор намояндаи Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ ва мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Некрӯз Сафарзода аз рӯйи барномаи таълимӣ аз фанни ҳуқуқи инсон ба иштирокчиён таълим медиҳанд.
Дар оғози машғулият директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ машғулияти мазкурро бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” саривақтӣ арзёбӣ карда, барои беғалат таҳия намудани барномаву гузоришҳо ва дурӯст дарк намудани қонунҳову санадҳои меъёриву ҳуқуқии дохиливу байналмилалӣ аз ҷониби кормандони ВАО ташкил шудааст.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ ба китобхонаи Академияи ВАО 4 адад китоб тақдим кард, ки доираи васеи кормандони зерсохтори Кумита метавонанд аз онҳо истифода намоянд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
