МАШҒУЛИЯТИ САНЪАТИ СУХАНВАРӢ

Сар аз 25 то 29 августи соли равон Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои наттоқон ва барандагони барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ машғулиятро таҳти унвони “Асосҳои санъати суханварӣ” доир намуд.

         Машғулият бо иштироки директорони Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Шамсиддинзода Садриддин, Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Шодизода Муфарраҳ ва наттоқи барҷастаи барномаҳои ахбори “Телевизиони Тоҷикистон” Ёрмуҳаммад Самадов оғоз гардид.

         Машғулиятро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, устоди нутқи саҳнавӣ Муҳаммадҷон Шодиев тариқи назариявӣ ва амалӣ ба шунавандагон мегузарад.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.