МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР СУҒД

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тибқи нақша барои кормандони эҷодии идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд машғулияти  омузиширо баргузор кард.

Машғулиятро аз рӯйи барномаи махсус раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ Зинатуллоҳ Исмоилзода ба таври назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.

Аллакай дар рӯзи аввал (04.08.2025) 12 нафар кормандони эҷодӣ иштирок намуда, бо асосҳои навиштани сенария ошно гардиданд.

Машғулият давоми панҷ рӯз идома ёфта, ба иштирокчиён Сертификати Академияи ВАО тақдим мегардад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.