МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ ЭНЕРГЕТИКА

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 21.04.25 то 02.05.25 барои рӯзноманигорони  шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ,  қи дар самти энергетика барнома ва мавод таҳия менамоянд, машғулияти омӯзиширо гузаронида истодааст. Курси мазкурро номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Қассобов Лоиқ Сафарович мегузаронад. Дарсҳо дар ду шакл назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд, ки қисми амалии он дар филиали кафедраи неругоҳҳои электрикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар филиали силсиланерӯгоҳҳои “Варзоб”  ва дигар кафедраҳои ба ин самт рабт дошта,  баргузор мегарданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.