МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ЭТИКАИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ” ОҒОЗ ГАРДИД
11 декабр дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Этикаи касбии журналист” оғоз гардид. Машғулияти омӯзиширо собиқадори соҳа, омӯзгори факултаи журналистика, дотсенти кафедраи телевизион ва радиои ДМТ Сангин Гулов мегузаронад. Дар машғулияти мазкур рӯзноманигорони шабакаҳои телевизиону радио ва нашрияҳои даврӣ иштирок намуданд.
Нахуст омӯзгор ба шунавандагон оид ба этикаи касбӣ, меъёрҳои ахлоқии журналист ва риояи он дар ВАО-и кишвар ба таври муфассал маълумот дода, инчунин бо якчанд мисолҳои мушаххас андешаашро асоснок намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар таърихи журналистика ҳолатҳое вуҷуд доштанд, хусусан ҳангоми интишори маводҳои танқидӣ-таҳлилӣ ба ҷойи танқид , таҳқири шахс мушоҳида карда мешуд. Этикаи касбӣ шахсро водор месозад, ки тафовути байни ин ду мафҳумро дарк созад, зеро ҳангоми таҳия ва пахши мавод ба иштибоҳ роҳ надиҳад, таъкид намуд омӯзгор.
Мутаассифона, имрӯз мо бо маводҳои бардурӯғ, ки барои ҳангома ва ҷалби аудитория дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегарданд, дучор мешавем, ки аз риоя нагардидани этикаи касбии журналистӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ далолат медиҳад.
Барои ҳамин доир намудани чунин машғулиятҳо барои кормандони ВАО бомаврид, зарур ва ногузир аст.

