МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР БАДАХШОН

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тибқи нақшаи пешбинишуда барои кормандони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғулияти омӯзишӣ дар се самт матбуот, бахши техникӣ ва рӯзноманигорони телевизиону радио доир кард шуд.

         Дар машғулият беш аз 10 нафар кормандони нашрияҳои маҳаллӣ, масъулони сомонаҳои расмӣ ва намояндагони нашрияву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок доранд.

         Бахши матбуот ва кор бо сомонаҳоро номзади илмҳои филологӣ, муовини директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Ҳақназар Каримзода, бахши техникиро муовини директор оид ба корҳои техникии МД телевизиони “Синамо” Мунир Раҳмонқулов ва бахши муҳарририи кормандони телевизиону радиоро собиқадор ва мутахассиси соҳа Мирзо Тоиров мегузаронанд.

         Дар назар аст, ки дарсҳо то анҷоми ҳафтаи соли равон идома карда баъди фарҷоми машғулият ба фаъолон СЕРТИФИКАТ дода хохад шуд.

Академияи ВАО

16.07.2025

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.