МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ РАВШАНИДИҲАНДАГОНИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 07.04.25 машғулияти омӯзишӣ барои равшандиҳандагони шабакаҳои телевизионӣ оғоз гардида, то санаи 11-уми апрел идома хоҳад ёфт. Машғулияти мазкурро муовини директор оид ба корҳои техникии телевизиони “Синамо”, мутахассиси соҳа Раҳмонқулов Мунир  мегузаронад.  

 Дар ин муддат иштирокчиён оид ба усулҳои муосири равшанидиҳӣ дар барномаҳои телевизионӣ, равшанӣ ва манбаъҳои асосии он, истифода намудани равшанӣ дар ҳолатҳои гуногун, фарқияти равшании сунъӣ ва табиӣ,  равшанӣ дар филмбардорӣ, истифодабарии таҷҳизотҳои муосири рӯшноидиҳанда ва истифодаи дурусти он дар барномаҳои телевизионӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.

Дар машғулият 11 нафар кормандони шабакаҳои телевизионии кишвар иштирок намуда истодаанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.