МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ НАТТОҚОН ОҒОЗ ГАРДИД
Имрӯз аввалин машғулияти омӯзишии Академияи ВАО-и Тоҷикистон дар соли 2024 оғоз гардид. Машғулияти омӯзишӣ барои наттоқин ва барандагони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар мавзуи “Маҳорати суханварӣ” аз 22 январ то 02 феврали соли равон доир мегардад.
Машғулияти омӯзиширо ду тан аз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ки яке наттоқи шинохта Тахмина Раҷабова ва дигаре Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев аст, ба иштирокдорон меомӯзонанд.
Дар машғулият мавзуҳои мантиқи сухан, бо овоз шинос шудан, бартараф намудани шиддат дар овоз, намудҳои эҳсосот ва онҳо чӣ гуна ба мо таъсир мерасонанд, дар танҳои бо худ кор кардан, кор бо шунаванда, санъати мусоҳиба ва дигар мавзуҳои вобаста ба санъати суханварӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
