МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои муҳаррирони русзабони шабакаҳои ТВ ва радио дар мавзӯи “ Таҳияи гузоришҳои хабарӣ” аз 26- уми апрели соли 2021 оғоз гардид. Машғулияти омӯзишӣ дар толори китобхонаи муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо иштироки мутахассиси варзида Одинаева Бунавша доир гардид. Машғулияти мазкур оид ба беҳтар ва саҳеҳтар гардонидани барномаҳои русӣ аз он ҷумла барномаҳои хабарӣ пешбини шудааст. Машғулияти зикршуда идома дорад.