МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СЕТКАИ БАРНОМАСОЗӢ
Имрӯз (11.08.2025) машғулияти омӯзишии сеткаи барномасозӣ дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар мавзуи “Сеткаи барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро чӣ гуна бояд эҷод намуд?” оғоз гардид.
Машғулиятро мутахассиси соҳа Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ тибқи барномаи махсуси таҳиягардида дар заминаи таҷриба аз давлатҳои хориҷ истифодашуда мегузаронад.
Қобили зикр аст, ки сеткаи барномасозӣ барои огоҳӣ ёфтани аудиторияи дилхоҳ шабакаи телевизионӣ ё радиоӣ зарур буда, сана ва вақти пахши барномаҳоро муайян мекунад.
Академияи ВАО 11.08.2025