МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ САМТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

Шуруъ аз 28-уми октябр то 13-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии соҳаи молия ва иқтисод гузаронида мешавад.

         Дар машғулият кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ, ки ба таҳияи мавод, барнома ва гузоришҳои соҳаи молия ва иқтисод машғуланд, ҷалб шудаанд.

         Машғулиятро ду тан аз омӯзгорони ботаҷриба ки яке доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи фаъолияти биржавииДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Мирсаидов Саидакмал ва дигаре номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобоев Фузайл мебошад, мавзуҳои вобастаро давоми ин рӯзҳо ба иштирокчиён мегузаранд.

         Дар анҷоми машғулият ба иштирокчиёни фаъол СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида мешавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.