МАШҒУЛИЯТИ МУЛТИМЕДИА ДАР СОМОНАҲО

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо ҷалби мутахассиси соҳа барои масъулони сомонаҳои зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радио ва нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзишии “Мултимедиа дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ”-ро доир кард.

         Машғулияти мазкур аз 23-юм то 30-юми июни соли ҷорӣ дар толори китобхонаи Муассиса гузаронида шуда, нозукиҳо ва паҳлуҳои норавшани мултимедиа (чандрасонаӣ)-ро меомӯзанд.

         Ёдовар мешавем, ки мултимедиа ё чандрасонаӣ бо пайдоиши интернет ба вуҷуд омада, таҳияи чунин мавод аз журналист малакаҳои касбии хосро талаб менамояд. Аз ҷумла таҳиякунандаи маводи мултимедионӣ бояд пеш аз ҳама нигорандаи хуб бошад, акс гирифта тавонад, наворбардори бомаҳорат бошад, танзими садо ва наворро карда тавонад ва аз ҳама муҳим ҷобаҷогузории чунин маводҳоро ба таври моҳирона анҷом диҳад, то мавод диққатҷалбкунанда ва ба аудитория писанд ояд.

         Машғулиятро мутахассиси соҳаи чандрасонаӣ, профессори факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқимов Муҳамади Аминович (Ҷовид Муқим) дар шакли назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.  

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.