МАШҒУЛИЯТИ МАҲОРАТИ КОРГАРДОНӢ

Сар аз 13-ум то 17-уми майи соли равон дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон машғулияти омӯзишии “Маҳорати коргардонӣ дар телевизион” барои коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ гузаронида мешавад. Мутобиқи нақшаи корӣ машғулият дар китобхонаи Академия давоми 5 рӯз идома карда, онро ба сифати омӯзгор (тренер) Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, коргардон, корманди собиқадори телевизион ва кино, дорандаи чандин сертификатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Ҳалим Сангин  ба иштирокчиён дарс мегӯяд.

Дарсҳои назариявии машғулият дар китобхонаи Академия ва мавзуҳои амалии он дар студияҳои МД “Телевизиони Синамо” гузаронида хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, ба иштирокдорон намуна ва порчаҳо аз кори коргардонии омӯзгор намоиш дода шуда, аз рафти фаъолияти ӯ, ки зиёда аз 50 сола таҷрибаи корӣ дорад, аз наздик ошно мешаванд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.