МАШҒУЛИЯТИ КОРГАРДОНҲО
Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои коргардонҳои шабакаҳои телевизион ва радио машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Маҳорати коргардони дар ТВ ва радио” баргузор кард.
Машғулият аз 03-юм то 07-уми марти соли равон дар толори китобхонаи Академия гузаронида мешавад.
Ба ҳайси омӯзгор (тренер) Корманди шоистаи Тоҷикистон, журналист, коргардони соҳибтаҷриба Набизода Набиҷон ҷалб шуда, давоми ин рӯзҳо ба шунавандагон дарс мегӯяд.
Академияи ВАО
