КУРСИ ЗАБОНОМӮЗИИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радио курси забони англисиро дар зинаи аввал ба роҳ монд.
Курси мазкур давоми 3 моҳ (01.06.2025 то 28.08.2025) дар толори китобхонаи Академияи ВАО гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории курси мазкур баланд бардоштани савияи забондонии кормандони соҳаи ВАО мебошад.
Аз рӯзҳои аввали машғулият сар карда, муаллимаи забони англисӣ Кишварова Лутфия шунавандагони машғулиятро бо қоидаҳои забони англисӣ, грамматика, интихоби артикл, роҳҳои муосири луғатомӯзӣ ва имло ошно намуда, дар ин давом маълумотҳои заруриро аллакай аз худ намуданд.
Дар машғулият ҳамаги 46 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 4 нафарашон иштирокчии озод буданд.
Дар интиҳои дарс 13 нафар соҳиби СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО гардиданд. 33 нафари дигар бо сабабҳои гуногун сертификат нагирифтанд.
Лутфия КИШВАРОВА
Академияи ВАО

