КОРМАНДОНИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИРО МЕОМӮЗАНД

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии “Меъёрҳои забони давлатӣ” оғоз гардид. Машғулияти омӯзиширо дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Содиқ Қурбонов барои кормандони шабакаҳои телевизиону радиоӣ мегузаронад.

Дар оғоз Саъдӣ Маҳдӣ, директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” таъкид намуд, ки ба телевизион ва радио мардум бовар доранд ва набояд ғалат нависанд, зеро ҳар чизе, ки гуфта ё навишта мешавад, зуд ба зеҳни мардум менишинад. Бинобар он набояд кормандони шабакаҳои телевизион ва радио ба хато роҳ диҳанд. Мавсуф афзуд, ки барои тақвият ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ бояд тамоми кормандони ВАО имлои дурусти калимаву ибораҳоро донанд ва забони меъёрро риоя намоянд.

Боиси хушнудист, ки бори нахуст бо ширкати Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оғоз шуд. Раиси кумитаи номбурда масъалаҳои асосии риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва қоидаҳои нави имлоро шарҳ дода, таъкид намуд, ки баъзан дар навишт ва гуфтори кормандони ВАО ғалатҳо ба назар мерасад. Ба хусус, ки дар бархе аз шабакаҳои телевизион ва радио калимаву ибораҳо ғалат ба кор бурда мешавад ва набояд ба чунин ғалатҳо роҳ дод. Зеро ВАО масъуланд, ки меъёҳои забони давлатӣ ва қоидаҳои имлро риоя намоянд. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ВАО – и  ҳукуматӣ як амри муҳим ба шумор меравад ва бояд барои ислоҳи ғалату камбудиҳо кӯшиш сурат бигирад.

Машғулияти омӯзишӣ аз 27 феврал то 3 март идома хоҳад дошт. Иштирокчиён меъёрҳои асосии қоидаҳои умумии забон, меъёрҳои қоидаҳои нави имло, шеваи беғалат навиштан ва дигар масъалаҳои марбут ба меъёрҳои забони давлатиро меомӯзанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.