КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ

Имрӯз (18.02.2025) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” конференсияи илмию амалиро бахшида ба рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвонӣ “Рушди забонҳои модарӣ дар замони Истиқлол” баргузор кард.

         Дар конференсия зиёда аз 40 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

         Конференсияро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ табрик намуда, мухтасаран дар мавзуи “Забони модарӣ гавҳари ноёби миллӣ” суханронӣ намуданд.

         Дар идома олимону профессорони донишгоҳҳои олии кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтавои хешро ба самъи ҳозирин расонида ба иштирокдорон ғизои маънавӣ бахшиданд.

         Аз ҷумла профессор Шаҳбоз Кабиров, директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Саъдӣ Исматзода, полковники милитсия Азиза Давлатшозода, н.и.ф. Сайфиддин Мирзоев, н.и.ф. Бурҳониддин Тураев, н.и.ф. Бахтиёр Раҳмонов, дотсенти ДДОТ ба номи С. Айнӣ Руҳулло Холназаров, барномасози зеҳни сунъии забони тоҷикӣ Виктор Ибрагимов ва дигарон баромад намуда, таҳқиқотҳои илмии хешро ба ҳозирин баён доштанд.

         Дар конфронс устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар, намояндагони пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, кормандони Кумита, вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори омма ва хабарнигорон иштирок доштанд.

         Кори конфронс бо садо додани суруди миллӣ ба анҷом расид.

Академияи ВАО

18.02.2025

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.