ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.

Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро дар доираи Созмон баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти пешбурди минбаъдаи ҳамкориро дар чорчӯби Созмон бар асоси амалҳои ҳамоҳангшуда ва усулҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва манфиатҳои муштарак таъкид карданд.

Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай, ки  ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд, далели ҷолибияти  баланди он мебошад. Дар ин замина Пешвои миллат таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод карданд. 

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.