ИФТИХОРНОМА

Директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ИФТИХОРНОМАИ Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо сарфароз гардонида шуд.

Ифтихорнома барои хизматҳои софдилона ва саҳми арзанда дар баландбардории нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи матбуот”-и тоҷик тақдим гардид.

Роҳбарияти Академияи воситаҳои ахбори омма миннатдории хешро ба Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷиҳати қадрдони бо Ифтихорнома баён дошта, минбаъд ҳам  талошҳои худро барои эътибори Артиши миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дареғ намедорад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.